БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯНДА БОД!

АНДЕША: Барои Тоҷикистон ва мардуми он,ки нав истиклолият ба даст оварда буд, мутаасифона дар кишвар ҷанги шаҳрванди оғоз гардид, аз ин ҳисоб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон талафоти хеле зиёди ҷониву моли овард ва халқи тоҷик ба ваҳдати миллӣ ҳамчун обу ҳаво зарурат дошт. Дар роҳи таъмини Сӯлҳ дар Тоҷикистон зарурати ташкил намудани музокироти Тоҷикистон ба миён омад, ки он аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 сар шуда, дар 8 давра гузаронида шудааст. Ин гуфту шунидҳо дар байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин (апазитсия) борҳо дар давлатҳои Русия, Эрон, Туркменистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон барпо гардидааст. Хушбахтона 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав созишномаи истиқрори Сӯлҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон қабул гардид. Хиради азалии халқи Тоҷик ғалаба кард. Бародар ба сӯӣ бародари худ оғӯш кушод. Дар гузаронидани гуфту шунидҳо таҳкими Ваҳдати миллӣ саҳми Асосгузори сулҳӯ Ваҳдати миллӣ,Пешвои –миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург аст.

Раҳмати Яздон расид бар кишварам,

Ваҳдати Раҳмон расид бар кишварам.

      Хушбахтона мардуми сарзамини мамлакат аз оқибатҳои ҷанг огоҳ шуданд ва роҳ ба сӯи ваҳдат оварданд. Имрӯз бошад миллати тоҷик дар фазои сулҳу оромии ваҳдат бо хушу хурсандона зиндагӣ мекунанд. Дар ин васила дарҳои худро ба кишварҳои ҳамсоя боз намуда робита ва муносибатҳои дуҷонибаро дучанд намуда истодааст. Имрӯз мо худ шоҳиди он ҳастем, ки ду миллати ба ҳам наздик ва бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои дипломатии худро бо ҳам зич намуда сиёсати хориҷиро дар масири ҷаҳони устувор намуданд.

      Мо ҷавонон дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид шуда, барои пойдории Сӯлҳу Ваҳдат ҳушёрии миллиро аз даст надода, кӯшиш бар он менамоем, ки Тоҷикистони азизамон боз ҳам зеботару ободтар гардад.

Давлатова Мавлуда аъзои гуруҳи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg