БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОТИРИ ШАРМУ ҲАЁ АЗ БАРГИ ГУЛ НОЗУКТАР АСТ...

АНДЕША: Оре, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ, хислатҳои бузурги инсонианд, ки одамиятро зебу зиннат, обрӯю эьтибор ва фаросат мебахшанд. Шахсе, ки дорои ин хислатҳо нест, дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад, зеро шарму ҳаё ҳамчун зару зевар ва ороишоти бузург инсонро зебоиву фасоҳат ва бузургиву ҳашамат мебахшанд.

           Шарму ҳаё хислати шарифи инсон ва асоси зебоӣ аст. Ҳаёро шохе аз дарахти имон гуфтаанд. Ҳаё зуҳуроти ҳусни ботинӣ-маънавӣ мебошад, ки шахсро аз амали бад, рафтори зишт ва истифоди суханҳои қабеҳу дағал нигоҳ медорад. Ҳаё ба ҳусни зоҳирии инсон боз ҳусн зам мекунад.
           Шарму ҳаё ҳусну зиннати инсон аст. Ҳар шахсе, ки бошарму ҳаёст ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархўрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дуран­дешу донишманд мешаванд.

Шарму ҳаё хислатҳои ҳамидаи ҳам занону ҳам мардон аст. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки бикӯшем то шарму ҳаёро дар тинати худ нигоҳ дорем, ки бузургон гуфтаанд:

Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод.

Мутассифона дар шароити кунунӣ на ҳама наврасону ҷавонон бошарму ҳаёанд. Аз даҳони онҳо шахс суханҳои қабеҳро шунида нисбати онҳо нафрат пайдо мекунад. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон, ҷавондухтарон рӯз ба рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад.

Аз ин хотир, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин са­раввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ, ки он адаб, шарму ҳаёст ҳидоят намоем.

Гулрухсор Мирзоева, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg