БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

АНДЕША: Воқеан иродаи ваҳдатгароӣ ва шинохти аслии истиқлол ва ҳамдилӣ ҳанӯз дар рӯзгорони нахустини зиндагии башарият зуҳур кардааст. Ба ақидаи донишмандон ва мутафаккирон инсон ҳамеша дар ҳама давру замон дар ниҳоди худ маърифати озодихоҳонро мепарваридааст. Ин андеша ба мо мушаххас менамояд, ки озодӣ ҳамчун нерӯӣ қавии ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша пайвандгари инсонҳо ва марзҳои норушани ҷаҳон будааст.

Вақт аз он, ки ба авзои ҷаҳони зудтағйирёбандаи имрӯз назар меафканем, мебинем, ки давлатҳо, халқҳо, миллатҳо ва марзҳое, ки ҷангзадаанду суботи сиёсию амниятияшонро аз даст додаанд, ҳамеша дар ҷустуҷӯӣ истиқлолу ҳамгироӣ мебошанд, зеро, ки ягона истиқлол метавонад, сокинони ин ё он манотиқи ҷаҳонро аз ангезаҳо ва таъсиру таҳдидҳои ҷангу ғурбат ва зулмату ҷудоӣ раҳо бахшад. Ҳатто имрӯз яъне дар оғози асри 21-ум мо ҳамагон шоҳиди ҳолем, давлатҳои зиёде ҳастанд, ки муддати даҳ солаҳо дар орзӯи оромию осудагӣ партавафшонии чароғи пурнуруи Ваҳдату Истиқлолро дар фазои хотироти худ ҳамеша мепарваранд. Имрӯз мушаххас шудааст, ки Ваҳдат нерӯи созанда ва қудрати тавоно буда сармояи ҳаётбахш ва ояндасозии мо инсонҳо мебошад.

Шароити пуртағйири ҷаҳони кунунӣ ҳар яки моро тақозо менамояд, ки дар мавриди шинохти бештари Ваҳдати миллӣ ва ҷавҳари аслии он тафаккури бештар зоҳир намоем, зеро, дар шароити ҷомеаи муосир масъалаи рушду таҳкими суботи сиёсӣ аҳамияти махсус ва калидиро касб менамояд. Гарчанде, ки он масъалаи нав дар инкишофи олами сиёсӣ набошад ҳам, хусусиятҳое пайдо менамояд, ки зарурати дарки амиқи қонуниятҳо ва тамоюлҳои асосии пешрафти он ба миён меояд. Бояд дар ин раванд ибораи «суботи сиёсӣ», моҳият ва хусусиятҳои онро дуруст фаҳмида, дар воқеияти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор дод. Охири Қарни 20-ум  ва авали асри 21-ум таҳлилгарон ва сиёсатмадорон бештар дар мавриди суботӣ ва бесуботии ҷаҳон афкору пиндори худро мутамарказ намуда ва дар ин бора китобҳои зиёд интишор гардид, ки инсонҳо бояд босубот зистанро аз бесуботию ҷудоӣ муқаддам шуморанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон аст, дар заминаи ваҳдатофаринӣ, тарғиби ҳамдилию бародарӣ ва таҳкими ҳувияти воқеии инсонҳо ҷиҳати ҳамзистӣ дар фазои ваҳдатро ҳамеша тарғибу ташвиқ менамояд. Ноилгаштани Тоҷикистон ба имзои Созишномаи Истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ бори дигар ҷомеаи башарӣ ба хусус Созмонҳои ҳуқуқию мадании ҷаҳон – Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои зертобеи онро ба шинохти чеҳраи воқеии Тоҷикистон водор намуд, ки Тоҷикистон чунин таҷрибаи башардустонаи худро бо талошу ҷоннисориҳои шахсиятҳои сиёсӣ ва равшанфикрони роҳи истиқлолу озодии худ ба даст овардааст.

Тоҷикистон дар тули 24 соли бадастории Ваҳдати Миллӣ дар зери сояи истиқлолияти сиёсӣ, ҳифозати арзишҳои инсонӣ ва муқаддас шумурдани чунин дастоварди азиз ба пешравӣ ва камоли тараққиёт ва худсозӣ расидааст. Дар ин солҳо бо кӯшишу талош ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Пррезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  халқи тоҷик ва ҳамзистию ҳаммаромӣ дар байни аҳолии кишвар шиори Ваҳдатгароӣ дар кӯдакистон то донишгоҳу донишкадаҳо ва саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус дар зеҳну шуури аҳолии кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким ва тавсеа ёфт. Ва имрӯз сокинони кишвар дар зери осмони ваҳдат ва ҳамдилӣ зиндагонӣ мекунанд.

Имрӯз нақши Ваҳдати миллии кишвар дар рушди иқтисоди сиёсии Тоҷикистон ва сиёсати иҷтимоии мамлакат хело назаррас мебошад. Зеро дар давоми солҳои Ваҳдати миллӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ба маротиб зиёд гардида, бо талошу иқдомоти бевоситаи Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон роҳу пулҳои замонавӣ, корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ва неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид, ки чунин дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва саноативу истеҳсолӣ маҳсули 24 соли Ваҳдати Миллӣ дар кишвари ҳуқуқбунёд мебошад.  

Донишмандон ва таҳлилгарони улуми иҷтимоӣ бар он ақидаанд, ки нақши роҳҳо ва бунёди нафқҳои замонививу пулҳо дар минтақаҳои ҷануб ва шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус дар замони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ аз ҷумла иқдомҳои таърихӣ ва ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки маҳз пас аз бунёди роҳҳои замонавӣ дар масири ҷанубу шимол ва шаврқу ғарби кишвар дӯстиву иттиҳод ва бародариву баробарӣ ба авҷи тозаи худ расида, халқи шарифи Тоҷикистон ба ормонҳои ҳазорсолаии худ муяссар гаштанд. Дар муддати 24 соли Ваҳдати Миллӣ дар қаламрави мамлакат ҳазорон киламетр роҳҳои мошингард таҳти меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд гардида бо фазилати Ваҳдати миллӣ сокинони Тоҷикистон аз бумбасти комуникатсионӣ раҳо шуданд. Бунёди масири роҳҳои мошингарди сатҳи ҷаҳонии Душанбе Хуҷанд, роҳи мошингарди Душанбе- Турсунзода, роҳи мошингарди Айнӣ Панҷакент, бунёди роҳи оҳани Душанбе - Бохтар- Кулоб аз ҷумла иқдомҳои хайрхоҳона ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлоливу Ваҳдати миллӣ маҳсуб мегардад, ки ин дастовардҳои комуникатсионӣ саҳифаи наверо дар таърихи ташаккули сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ахлоқии Тоҷикистон варақ зад. Бунёди роҳҳо ин пеш аз ҳама бунёди девори меҳр ва ҳамдиливу муттаҳидии халқи Тоҷикистон мебошад. Тибқи равоншиносии ҷамъият ва шинохти арзишҳои олии инсонӣ ва бунёди ғурури милливу тафаккури ватандӯстӣ ноил гаштани Тоҷикистон ба ин иншооти стратегӣ ва ҳаётанмуҳим ин пеш аз ҳама ноил гаштан ба ҳаёти беҳтар ва шароити арзандаву шоистаи шаҳрвандони Тоҷикистон аст.  Аз сӯйи дигар ифтитоҳи роҳҳои бузурги мошингард, нақбҳои Ваҳдатбахш аз қабили Нақби Хатлон, нақби Озодӣ, Нақби бузурги Истиқлол, нақби Шаҳристон, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоие мебошанд, ки чунин иншооти аср бешак самараи Истиқлолу озодӣ ва таҳкими Ваҳдати миллии тоҷикон таҳти талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ пешвои Миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ҳар зовия расидани халқи Тоҷикистон ба чунин дастовардҳои бузурги стратегӣ худ оғози як ҷаҳиши бузург дар вуруди Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ ва ҳузури фаъоли он дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар натиҷаи амалишавии чораҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид. Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ асосан натиҷаи рушди иқтисодӣ ва таъмини суботи макроиқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

 Аз ҷониби дигар дар мудати солҳои Ваҳдати Миллӣ ва истиқрори сулҳ дар зери сояи истиқлоли давлатии кишвар соҳаҳои гуноуни хоҷагии мамлакат аз қабили хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати муолиҷаву табобат дар рушди бахши тандурустии аҳолӣ, бунёди бемористонҳои замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ба миён омад, ки дар самти саодати аҳолии кишвари ободу озод нақши ҳаётанмуҳим гузошт. Дар муддати ин солҳо шинохти арзишҳои олии инсон ба унвони нерӯи соҳибҳуқуқу тавоно дар роҳи эъмори Ватан дар тафаккури сокинони Тоҷикистон шакл гирифт.

   Таърихи инсоният собит кардааст, ки рушди босуботу муназзами ҷомеа ба оромию ҳамдигарфаҳмии аъзои он, қувваҳои сиёсию фарҳангӣ ва қишрҳои иҷтимоӣ вобаста аст. Бинобар он ваҳдат ҳамчун яке аз унсурҳои ҳастии табиӣ ва иҷтимоии инсон аз тарафи андешамандони башарӣ, аз ҷумла аҳли эҷод, адибону шоирон аз замонҳои хеле қадим дарк шуда, мавриди таҳсину ситоиш қарор гирифтааст. Ваҳдат мафҳумҳоеро ифода менамояд, ки ба ягонагии сарзамини аҷдодӣ, муҳофизату таҳкими давлати миллӣ, озодию ободӣ ҳаммаъноянд, зеро бе ваҳдати миллӣ ба даст овардани ин арзишҳо ғайриимкон аст. Дар муҳити ваҳдат инсон худро дар баробари ҷузъи башарият эҳсос карданаш, ҷузъи миллат ҳам мешиносад ва аз афкори маҳдуди қавму қабилавӣ раҳоӣ ёфта, манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз манфиатҳои маҳаллию шахсӣ авло меҳисобад.

Яке аз омилҳои муҳим, ки бояд ба устуворию пойдории ваҳдати умумимиллӣ мусоидат намояд, ин таҳкими фаъолияти дастаҷамъонаю  созандаи ҳизбҳои сиёсӣ мебошад. Дар ин ҷода ҳам бояд барномаҳоеро пиёда кард, ки аз як сӯ ҳамгироии худи ҳизбҳои сиёсӣ, аз сӯи дигар ҳамгироии давлат ва ҳизбҳои сиёсӣ, ҳамгироии ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ҳаводоророни онҳо ва ҳамгироии ҳамаи ин сохторҳоро таъмин намоянд.

Чуноне, ки сарвари давлати Тоҷикистон дар мавриди ҷавҳари ҳастии Ваҳдат  таъкид намудаанд: «Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манофеи давлат ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлат вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдониву имонии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».

Аз ин рӯ, маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем, андешаи ҷомеъ ва ҷовидонаеро ба вуҷуд орем, ки бунёди онро адолат ва пеш аз хама адолати иҷтимоӣ ташкил дода, мардумро ваҳдатпазиру созанда гардонад, аз арзишҳои асили фарҳангиву маънавии аҷдодонамон сарчашма гирад, имрӯзу фардои давлатро бо ҳам пайванд созад ва мавриди қабули аксари афроди ҷомеа қарор бигирад.

Таҳкими пояҳои Ваҳдати миллии тоҷикон низ ба фаъолияти содиқонаву хирадмандонаи занон иртиботи муҳим дошта, таърихи 24 соли Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мушаххас намуд, ки ин бахши аҳолӣ ба ҳайси нерӯи муттаҳидкунандаи ҷавонон ва муҳаббатофари қалби пиру ҷавон дар пешрафти кишвар ва ҳамдиливу муттаҳидии сокинони мамлакат нақши калидӣ доштааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки имрӯз дар ҷомеа нақши занон ба маротиб баланд шуда, сафи онҳо дар хизмати давлатӣ ва дигар корҳои муҳим бештар шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои муҳимро роҳандози намуда, дар ҳоли татбиқ қарор доранд. Ҳамин аст, ки сол то сол мақом ва манзалати бонувон дар ҷомеа баланд гардида, сафи онҳо дар бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат зиёд мегардад.

Интиишори Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо мебошад. Барои амалӣ гардидани ин иқдом заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, ҳоло «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва чандин барномаҳои давлатӣ татбиқ шуда истодаанд. Яъне имрӯз барои фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо танҳо дар асоси ғайрату талошҳои занону модарон ва духтарон арзёбӣ мегардад.

Масъалаи ҷалби бонувон ба фаъолиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, вазифаҳои роҳбарикунанда, фаъолиятҳои бонкӣ, иштирок дар масъулиятҳои баланди қабули қарору қонунҳо, нақшофарӣ дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва таҳкими адолати судиву боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ғайра аз ҷумла ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари бунёди ҷомеаи шоиставу пешрафта ва орӣ аз мушкилот ва дарду ранҷ дар кишвари ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.

Имрӯз  зан модари тоҷик ҳам дар фаъолияти давлативу ҷамъиятӣ дар Вазорату идораҳо, курсии парлумон, мақомоти олии қонунбарорӣ ва ҳам дар зиндагии хонаводагӣ ва оиладорӣ пурмасъул буда, тавони онро дорад, ки тамоми мушкилоти рӯзгорро таҳуммул намуда ва дар ҳастиву сабру тоқат ва меҳру муҳаббат ба зиндагияш аз қавлу амали хеш устувору побарҷо бимонад. Зеро Ваҳдати миллии сартосарӣ дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол худ кафил саодат ва сарбаландии занону модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Ноилгардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваҳдати миллӣ, ин пеш аз ҳама расидан ба асолати хеш ва дунёи муттаҳидии ин миллати бузург маҳсуб гардида, пас аз расидан ба истиқрори сулҳ саҳифаи наве дар таърихи ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон боз гардид. Бо ниҳоятёфтани моҷароҳои сиёсӣ ва поёнёфтани нооромиҳо дар хоки Тоҷикистон ба хусус дар даҳаи охири асри гузашта, халқи шарифи Тоҷикистон бо баҳрамандӣ аз фазилати истиқлоли давлатӣ ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи созандагӣ ва бунёдкорӣ дар дунёи сиёсӣ то дипломатияи байналхалқӣ қадамҳои устувор гузошта, имрӯз дар зери сояи муваффақиятҳои беназири таърих умр ба сар мебаранд. Раванди устувори ҷамъияти феълии Тоҷикистон, рушди пойдори ҳаёти дипломатӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, суръатгирифтани раванди ободкориву созандагӣ, дифои муқаддас ба фарҳангу маданият ва суннатҳои бостон ва мероси боқимондаи ҳазорсолагони гузаштагон ин ҳама маҳсули Ваҳдати миллии тоҷикон аст.

Фаротар аз дигар фарозу фуруди рӯзгорон имрӯз ин ваҳдати ҷовидона азиз ба замоне рост меояд, ки ҷавонон бахши умдаи аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил менамоянд. Ва ин Ваҳдат буд, ки ҳоло ҷавонон дар ҳар ҷойи Тоҷикистон аз шаҳру деҳот то донишгоҳу донишкадаҳо аз ҳамдигар сабақ меомузанд, аз таҷрибаҳои ҳамдигар истифода мебаранд ва аз дастовардҳои ҳамдигар баҳра мебардоранд. Бешак Ваҳдати Миллӣ ин муттаҳидкунандаи насли ҷавон барои имрӯзи беҳтар ва ояндаи дурахшони Ватан аст. 

Инаст ки ҷавонон дар тамоми ҷашну маросимҳои милливу меҳанӣ дар саросари Тоҷикистон бо самимияту сидқу ихлос ва бо пайравӣ аз ҳадафҳои инсондӯстиву оянданигарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона иштирок намуда худро аз хушбахттарин насли озоду бедор ва комгори Тоҷикистони дар ҳоли рушду пешрафт медонанд.

Роҳандозии Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2020 худ барномаи мушаххаси давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирӣ ва мусоидати ҷавонон ба ояндаи беҳтар ва дурахшон дар самти омӯзиши илмҳои муосир ва пешрафтаи дунёи имрӯз аст. Равандҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҷавонон ба ҳайси нерӯи фаъолу созанда ва пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи давлати соҳибистиқлол дар пайравӣ бо дастурур супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, вазорату идораҳо ва кумитаҳои мамлакат ҳамеша дар зери ҳидоятҳои ояндабинонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, муттаҳидиву ҳамбастагии ин насли истиқлол худ баёнгари саодати имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон аст.

Ин бахту иқболи нек мояи ифтихори ҳар як ҷавони кишвар аст. Дар дунёи нобаробар ва дар асри ҷангу ҳасрат кам кишварҳое дар курраи хокӣ вуҷуд доранд, ки мисли Тоҷикистони азиз дорои сулҳу осоиш ва Ваҳдати ягонаи миллӣ бошанд ва аз инрӯ ҳифзи ин арзиши муқаддас ва дифоъ барои пойдории он вазифаи ҳар як ҷавони бо нангу ор аст.

Ҷойгоҳи илмӣ ва сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ноил гардидани халқи азизи Тоҷикистон ба сулҳу осоиш дар меҳвари Ваҳдати Миллӣ худ баёнгари корномаҳои бузург ва таърихии фарзонамарди миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки расидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин сарнавишти нек худ аз ҷоннисориҳои Пешвои Миллат сарчашма мегирад.

Дар асри ҷаҳонишудан ваҳдати миллатҳо бузургтарин қадам барои сохтани ояндаи беҳтар ва баромадан аз буҳронҳои инсонӣ ва ҷангу зулмҳои номашруъ аст. Созмонҳи ҷаҳонӣ, ки барои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва кафили амният ва суботи ҷаҳонӣ аз боризтарин неруҳо ҳастанд, ки барои таъмини ваҳдати воқеии миллатҳои ҷаҳон хидмат мекунанд.

Ваҳдат, ҳамдилӣ, дӯстӣ, амният ва субот ин ҳама аз ҳадафҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсии милати куҳантамаддуни тоҷик мебошад. Тоҷикон ҳануз дар гузаргоҳи таърих то имрӯз кушидаанд, то ки башариятро баҳри ояндаи беҳтар даъват намоянд.       Ҳамин аст, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти сиёсии тоҷикон дар китоби сиёсии миллатҳои осиёи марказӣ ҷойгоҳи боризро доро мебошад ва бисёре аз давлатҳои  ҷаҳон талош намудаанд, то таҷрибаи сулҳсозии тоҷиконро истифода намоянд. Тоҷикистон бо талошу ҳиммати фарзандони хирадманд ва фарзонааш тавонист ба ошубҳо ва ҷангҳои шаҳрвандӣ ниҳоят бахшад ва ба зуди ба орзуҳои деринааш ноил гардад.

Ба андешаи донишмандон ва коршиносони масоили ҷомеашиносӣ ва сиёсӣ Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ буд, ки Тоҷикистонро бо фарҳанг ва тамаддунаш дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Дар зери фазилат ва баракати ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ ба хусус дар муддати 30 соли охир Тоҷикистон мизбони бузургтарин ва бесобиқатарин ҳамоишҳои сарнавиштсози сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ буд, ки чунин пешравиҳои умедбахшро комилан дар фазои равандҳои сиёсии Тоҷикистон мушоҳида менамоем.

Дар дунёи ноором ва бесуботи  имрӯз ягон нафар аз аҳолии кишвар нисбат ба сарнавишти миллати хеш набояд бетарафӣ зоҳир намоянд, зеро ки бозингарони минтақа ва дунё намехоҳанд, ки мо худмухтор, худкифоя ва дар зери сулҳу суботи абад зисту зиндагӣ кунем.  Ваҳдати миллӣ сабабгори дасткашидан аз фалсафаи идеологияи зуроварӣ дар Тоҷикистони пасо Шуравӣ ва пасо ҷанги Шаҳрвандии хунин гашт. Ҷанге, ки умеду орзуҳои ҳазорон нафар аз ҷавонон ва донишмандони роҳи илму андешаро дар даҳаи охири асри 20-ум барбод дод. Ҷанге, ки осмони шабҳояш бидуни моҳу ситора буд ва рӯзҳояш холӣ аз рушаноӣ. Ва ваҳдати ҳаётбахш ба унвони сармояи ҳаёт барои тоҷикон муяссар гашт ва ҳама аз тангдастиву зулмат раҳо шудем. Имрӯз вақте расидааст, ки ҳар як ҷавони кишвар ба худ суол бикунад, ки дар куҷои ҷаҳонаст ва дар зери кадом шиор зиндагӣ мекунад. Дар воқеъ бояд шиори ҳар як ҷавон шинохти арзишҳои истиқлол, эҳтироми Ваҳдати Миллӣ, муҳофизати Тоҷикистони Ободу осоишта аз таҳдидҳои рӯҳиву равонӣ ва номатлуби ҷаҳони муосир бошад. Мо имрӯз аз ҳар лиҳоз алайҳи таҳдидҳои нав ба нави ҷаҳони имрӯз бо донишу ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсӣ мусаллаҳ бошем. Маърифати динӣ, дарки демократияи дунявӣ аз шинохти воқеии Ваҳдати Миллӣ шуруъ мегардад. 

Дар ҳақиқат имрӯз мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунё ба Ваҳдати миллии воқеӣ даст наёфтаанд. Аз инрӯ бояд шинохти Истиқлоли сиёсӣ ва муҳофизати Ваҳдати миллӣ ҳамчун муқаддасоти ҳаёт дар сароғози афкори миллӣ ва хештаншиносии мо ҷой дошта бошад. Ва бо шукргузорӣ аз истиқлолу оромӣ  ва суботи сиёсӣ ҳамагонро мебояд муттаҳиди атрофи ҳам бошем, зеро Ваҳдат- ин муттаҳидиву бародарӣ ва дӯстиву ошноии сокинони шарифи Тоҷикистон аст.

Усмонова Гуландом-муовини роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg