
ҶАЙҲУН: Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” маҷлиси ҳисоботӣ ва интихоботии ташкилотҳои ибтидоии мазкур баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис раиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Мероҷиддин Раҷабалӣ аз натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот дод.
Дар ҷамбасти маҷлис бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Мероҷиддин Раҷабалӣ раиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” бори дигар аз нав интихоб карда шуд.