
ҶАЙҲУН: Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем” бинои Қасри фарҳанги ноҳия бо дастгирии аъзоёни фаъоли ҲХДТ таъмиру рангу бор, карда шуд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дар амали намудани сиёсати хирадмандонаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва неруи худро барои ободу зебо гардонидани Қасри фарҳанги ноҳия равона сохта, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамому кӯшишу ғайрати худро равона месозанд.