Ҷ.БАЛХӢ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази тропикии ноҳия бо иштироки масъулини Кумита иҷроия маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода оид ба фаъолияти ташкилот дар шашамоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод. Бо тарафдории аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази тропикии ноҳия, Алимуродов Ҳошим раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуд.
Сипас мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроия Алиев Зафар баромад намуда, оид ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози андеша намуд.