ХОВАЛИНГ. Сарвари давлат ҳамеша дар мулоқотҳояшон, хоса дар мулоқот ба намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12.05. 2018 оид ба дастгирии ятимону бепарастдорон ва дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ сухан ронда, оид ба фазилатҳои неки моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру сахо ба ҳисоб меравад, аз ҷумла чунин қайд намуданд: «Дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунад, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ кунанд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд».
Дар ҳамин асос раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Сафар Халилов аз ҳолу аҳволи маъюби модарзод Шаҳлои Шодизода хабар гирифта, ба ӯ кӯмаки молиявӣ расонид.
Падару модари Шаҳлои Шодизода, ки 25 сол дорад аз ғамхориҳои пайвастаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Чунин ғамхорӣ ва расонидани ёрии моддиву маънавӣ ба наберагони Маҳмадов Мустаффо, ки фарзандони ду писараш дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ятим мондаанд ва дигар ниёзмандон расонида шуд.