БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛЙ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

АНДЕША: Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ — оштиву фарзонаги, якдигарфаҳми ва толиби осоиштаги будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдуст будан аст.

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон чонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавкеву макоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифок ва ҳамдилии халки тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиноси ва худогоҳии милли гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳми истиклоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум ру ба беҳбуди меорад, кишварӣ азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ру меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Милли – Пешвои миллат муҳтарам  Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрузҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлати, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию беруни ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Шоҳроҳи Душанбе — Бохтар сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба суи укёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим «гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандем.

Ҳақиқатан Ваҳдати милли шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амони ва дӯсти ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иктисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фархангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Милли – Пешвои миллат муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Мудири шуъбаи таблиғот – иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Хуросон А.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg