
ҲАМАДОНӢ: Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев иштирок намуда, баромад кард. Ӯ қайд кард, ки узвият ба ҲХДТ нишони садоқат ба Ватан ва давлат буда, ба шаҳрванд мақоми сиёсӣ дода,ба ӯ ҷиҳати иштирок ва саҳмгузории бевосита дар идоракунии муносибатҳои сиёсӣ давлатӣ имконият фароҳам меоварад. Оиди тақвияти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ба сафи ҳизб қабул намудани ҷавонони лаёқатманду фаъол дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар асоси пешниҳоди аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Изатова Садбарг раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Пушкин интихоб гардид.