ПАНҶ: Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем” бинои МТМУ №11 ноҳия бо дастгирии аъзоёни фаъоли ҲХДТ таъмиру рангу бор, карда шуд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони ноҳияи Панҷ дар амали намудани сиёсати хирадмандонаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва неруи худро барои ободу зебо гардонидани диёр равона сохта, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамому кушишу ғайрати худро равона месозанд.