БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ- ШОҲСУТИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ!

АНДЕША: Баъди Истиқлолият, ки 9 сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст, барои миллати тоҷик рȳзи ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон – 27 июни  соли 1997- Иди Ваҳдати миллӣ ва бузургтарин иди миллӣ ҳисобида мешавад.

         Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки агарчӣ бо парокандашавии давлати абарқудрати Шуравӣ худованд ба миллати тоҷик соҳибистиқлолиро арзони дошт, вале сад афсус, ки бадхоҳону душманони миллати тоҷик   нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмокашу ҷангҳои бародаркуши таҳмилии худ, хеле гарон сохтанд. Хушбахтона расидем ба рȳзи неки 27 июни соли 1997- Рȳзи ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, ки бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони баору номуси тоҷик таҳти сарварии Асосгузори  Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд, агарчӣ ба сулҳу салоҳ ва ваҳдат омадани тоҷиконро роҳбари давлатамон аз хиради аслӣ ва азалии худи миллат ва аҷдодони бохираду бофарҳанги он арзёбӣ кардаанд.

         Бо  ташаббусу иқдомҳо ва ширкати бевоситаи Президенти Тоҷикистон дар давоми 30- соли истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуд,  ба корҳои азиму бунёдкориву созандагӣ шурȳъ карда шуд.

Таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти комуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқавории он ва аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба саноатӣ- аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ба самтҳои стратегии сиёсати давлат мансуб гардонда шуда, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодову иҷтимоӣ дар шароити афзаляти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқ пайгирона амалӣ шуда истодааст.

         Миллати тоҷик  бо хиради азалиаш дар дарозии таърихи пурфоҷиаи худ, ки ба беадолатии бемисл рȳ ба рȳ шудааст, тавонист, ки фарзандони фарзонаву бофазилату тамадунофар, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро тарбия ва ба камол расонад.

         Ҳамин абармардон буданд, ки тȳли ҳазорсолаҳо барои амалӣ шудани орзуву ормони соҳиби давлат шудани миллати худ мубориза бурда, ҷоннисорӣ карданд.  Хушбахтона бо хости Худованд ба вориси арзандаи ин қаҳрамонон – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ҳамчун аввалин сарвари давлати навини тоҷикон, таъмини соҳибистиқлолии давлат ва пойдории онро ба уҳда гирад ва далеронаву шуҷоатмандона ҳифз намояд.

          Соҳибистиқлолӣ бегонафитратӣ ва бегонапарастиеро, ки  тули асрҳо аз ҳукумронии аҷнабиён  дар майнаи мардум ҷойгир шуда буд, тадриҷан решакан карда истодааст.

           Соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон оромиву осоиши ҷомеаро таъмин карда, шароиту имконияти кифояро фарҳам овардааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз худ бипурсад, ки дар остонаи 30- соли истиқлолияти кишвар барои ободиву рушди Ватани озоду соҳибистиқлоли худ чӣ кардааст ва дар оянда чӣ хоҳад кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ: Каримҷон Файзизода  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg