БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллӣ омили ваҳдату дастҷамъӣ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шарифзода Сафаралӣ ва Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Беморхонаи марказӣ» вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷоеа, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки рӯзи 02 июни соли равон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид,  тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавону занон суханронӣ намуданд.

Дар охир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии номбурда шинос шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа ба онҳо дастурҳои методӣ доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg