ФАРХОР. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва шуъбаи маориф дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳия намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур гулдӯзиву қуроқдузӣ, атласбофию адрасбофӣ, кашидадӯзиву попурӣ ва тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки дар он омӯзгорон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иштирок дошта, аз намоишгоҳ диданд намуда ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар байни ҷавонон аз нав эҳё кардани анъанаҳои неки ниёгон ва ба насли оянда омӯзонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ мебошад.