БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

КӮЛОБ: Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати башардӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳои зиёде дар бахши  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти дастгирию кӯмаки ятимону бепарасторон ба вуқуъ пайваста, нафарони эҳтиёҷманд ҳамеша зери тавваҷуҳи давлату ҳукумат ва шахсони саховатпеша қарор доранд.

         Дар ин росто, дар арафаи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ “Формула-55” дар шаҳри Кӯлоб ба таҳсилгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб тӯҳфаҳо, аз қабили сару либос ва лавозимотҳои гуногуни варзишӣ тақдим карда шуд.

         Ҳамчунин, аз ҷониби ин нафарони саховатпеша, толори варзишии муассисаи болозикр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки ин ҳама туҳфаи арзишманду хотирмоне барои ятимону бепарастони муассисаи мазкур  хоҳад буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg