
КӮЛОБ: Дар асоси дастуру супоришҳои Сардори Ситоди шаҳрӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои табиӣ, Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ – Вализода Абдуқодир Исуф аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Роҳбари гурӯҳи таблиғоти №3 – Гулрусор Шарифзода бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи “Содиқов”-и шаҳр суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки ҳамарӯза корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Гулрухсор Шарифзода роҳандозӣ шуда, бо сокинони маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардида суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дода мешавад.