
ЁВОН: Масъулини Кумитаи иҷроия бо мақсади баргузор намудани амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳати ба номи Ҳасан Ҳусейнов” муташакилона доир намудани чорабинии мазкур корҳои амалиро иҷро намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроия ин навбат шаҳодатномаҳои ҳизбии кормандони ҷамоати мазкурро аз назар гузаронида, ҳолати мавҷуда ва қайди супоридани аъзоҳаққи, сари вақт иваз намудани шаҳодатномаи пуршударо санҷида баромаданд. Ҳамаи кормандони ташкилоти мазкур аъзои ҳизб буда, сари вақт аъзоҳақии худро месупоранд. Қарздорӣ мавҷуд надорад. Ҳуҷҷатҳои дохили ҳизбӣ санҷида шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳо дода шуд.
Масъулин иброз доштанд, ки узвият ба ҳизб садоқат ба Ватан ва давлат буда, ба шаҳрванд мақоми сиёсӣ дода, ба ӯ ҷиҳати иштирок саҳмгузории бевосита дар идоракунии муносибатҳои сиёсӣ имконият фароҳам меоварад.