
ЁВОН: Бо ин мақсад аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов маҷлиси ҳисоботи интихоботӣ бо иштироки муовини раиси ҳизби ноҳия Абдуллозода С. доир карда шуд.
Маҷлис аз ҷониби раиси ташкилот Муродов И. Кушода шуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин фаҳмониданд. Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур дар назди ҳозирин аз фаъолияти шашмоҳаи ташкилот дар соли 2021 ҳисобот пешниҳод намуд. Муродов И. дар баромади хеш доир ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сазовар таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии истиқлоли давлатӣ ибрози андеша намуданд.
Диор ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис муовини раиси Кумита ба сухан баромада оид ба интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоӣ номзадии Муродов И. раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейновро пешниҳод намуд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҳозирин бо ҳамовозии зиёд дастгири гардид. Дар фарҷом Абдуллозода С. раиси нави ташкилотро бори дигар барои интихоб шуданашон ба раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов самимона табрик намуданд.