ДӮСТӢ: Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои «Шуро», «Сомониён» ва «Нуробод» бо иштироки масъулини Кумита маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов А оғоз намуда оид ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози андеша намуд. Сипас масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, оид ба фаъолияти ташкилотҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот доданд. Бо тарафдории аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаҳои «Шуро» - Қузиева М, «Сомониён» - Қузиев Ш ва «Нуробод» - Хушмадов Х ба ҳайси раисии ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуданд.