
ДАНҒАРА: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Коллеҷи тиббии ноҳия амалиёти “ Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман” гузаронида шуд.
Зимни гузаронидани амалиёт масъулин аз мавҷудияти шаҳодатномаи аъзои ҳизб, мувофиқат кардани ному насаби аъзои ҳизб, ки дар шаҳодатнома дарҷ шудаанд, бо варақаи шахсии аъзои ҳизб, мувофиқат кардани рақами шаҳодатнома бо варақаи шахсӣ, дақиқ муайян кардани супоридани ҳаққи аъзогӣ дар шаҳодатномаи ҳизбӣ ва муқоисаи он бо пардохти ҳаққи узвият, аз қайд гузарондани шаҳодатномаи ҳизбӣ дидан намуданд.