БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНДОНРО БОЯД ТАҲТИ НАЗОРАТ ҚАРОР ДИҲЕМ

АНДЕША: Вақте, ки ҷомеаи башарӣ рушд ва тараққӣ менамояд вобаста ба замон ва вазъият дигаргуниҳои куллӣ ба амал меояд ҳамаи ин таъсир мебахшад ба тарбияи фарзандон.  Мо волидайнро зарур аст, ки фарзандон ва аъзои оилаи худро дар руҳияи солим ва инсондӯстӣ тарбия намоему онҳоро барои меҳнат кардан таъкид кунем.   Дар ҳоли ҳизир рушди технологияи иттилооти пахши шабакаҳои телевизионҳои моҳвораи албатта таъсир мекунад ба ҳар як насли наврас. Мо имрӯз тарбияро ба зиммаи муассисаҳои таълими кунему худро аз назорати фарзандон канораҷӯӣ намоем наметавонем дар замири фарзандон ҳисси масъулиятшиносиро ҷой диҳем.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки  бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд қабул шудааст мо шаҳрвандонро ӯҳдадор менамояд, ки талаботи онро риоя намоем.

Тибқи талаботи моддаи 6-и Қонуни мазкур  “падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Яъне мо волидайн ӯҳдадорем, ки фарзандони худро ҳамчун инсони бо маърифат ва бо тарбия барои ҷомеа ба воя расонему шароити онҳоро барои зисту зиндагӣ муҳайё созем. 

Албатта барои ҳамагон маълум аст, ки фарзанди бо тарбия ва бо маърифат дар оянда дастгири падару модар ва волидайн мегардад. Мо аз хурди дар таълиму тарбияи фарзандон чи қадар вақти бисёри худро сарфа кунем дар оянда самараи он барои мо ҳамон қадар бештар мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати устувори оила тадбирҳои иловагиро андешида кушиш менамояд, ки ҷомеаро ободу солим нигоҳ дорад. Дар баробари ин мо насли калонсол вазифадорем, ки дар тарбия ва таълими насли наврас дар ҷомеа саҳми худро гузорем.  

           Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.

Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд.” Роҳбарияти давлат бо истифода аз шароит ва имкониятҳо барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароитҳоро муҳайё намуда истодааст. Ҳамасола дар ҳудуди кишвар боғча ва муассисаҳои таълимӣ нав бо шароитҳои муосир сохта ба истифода дода мешавад. Яъне давлат имрӯз масъулияти худро барои таълими фарзанд иҷро намуда истодааст. Мо волидонро зарур аст, ки масъулияти хешро ба зимма гирфита фарзандонро дар руҳияи солим ва хизмат ба халқу ватан ба камол расонем.

Сафаралӣ Мирзоев –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg