БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОСЕЪ: Дар асоси нақшаи муштараки тасдиқнамудаи Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ гурӯҳи корӣ дар ҷамоати деҳоти М. Маҳмадалиев бо фаъолони ҷамоат дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми динӣ ва бегонапарастӣ баромад намуданд.

Гурӯҳи корӣ бештар диққати иштироккунандагонро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми динӣ ва бегонапарастӣ ҷалб намуда, аз онҳо талаб намуданд, ки барои устувории амният ва озодӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фарзандон ва аъзои оилаи худро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ба таълиму тарбияи онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg