БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕКУНАНД

ВОКУНИШ: Пӯшида нест, ки ҳадафи асосии наҳзатиҳои ифротӣ якҷо бо дигар гурӯҳҳои бадхоҳи миллати тоҷик, ки зери роҳбарии мубалиғонаш паси парда бо либоси паймони миллӣ ба манфиати онҳо кор мекунанд аз байн бурдани давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад. Саркардагони ҳизби мазкур мехоҳанд бо чӣ роҳе набошад дар доираи як мазҳаб ё як равияи ба мо бегона давлати худро бунёд кунанд. Яъне даъвои аслии инҳо ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон давлати ба андешаи онҳо исломӣ бунёд карда шавад. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки мафҳуми давлати демократӣ-дунявиро ҳамчун як мафҳуми зиддидинӣ муаррифӣ  намоянд. Ба ибораи дигар роҳбарони ҳизби наҳзат дар шакли паймон ба мардуми Тоҷикистон ва созмонҳои байналхалқӣ фаҳмонданианд, ки Тоҷикистон як кишвари зиддидинӣ ва зиддиисломӣ мебошад. Ҳол он ки андешаву афкори узви ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар кишвар манъ шудааст, ғалат, ғайриисломӣ ва хилофи меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон мебошад.

Дар шарҳи Конститутсияи Тоҷикистон ба таври равшан омадааст, ки низоми идораи Тоҷикистон зидди ягон адён нест. Бояд ёдовар шуд, ки дар пушти ин ҳизби аз фаъолият боздошташуда гурӯҳ ва шабакаҳое пинҳон ҳастанд, ки пешрафти иқтисодиёт, фаноравӣ, бедории миллӣ ва аминияту оромишро дар Тоҷикистон намехоҳанд. Ҳол он ки бар хилофи роҳбарони ин ҳизб, ки як шохаи тероризми байналхалқист, мардуми бофарҳанги Тоҷикистон ниёз ба идеологияи онҳоро надоранд. Амалҳои номатлуби онҳо бори дигар симои аслии ин табақаи ватангадоро ошкору расво сохт. Ҳис гардид, ки хоҷагони хориҷии онҳо ҳам дигар ба гардани каҷи онҳову шевашон он қадар таваҷҷуҳ накарданд. Шояд аз беҳунарияшон хоҷагони хориҷиашон хати талоқ дода бошанд, ин тоифаро. Ҳодисаҳои охир бори дигар тамоми ҷомеаро ҳушдор дод, ки бояд пеш аз дигарон дар ҷомеа симои аслии роҳбарони ҳизби наҳзати исломиро ба таври равшан фош намоем, то мардум ба суханони онҳо эътимод надошта бошанд. Дин -ахлоқ, ибодат ва сулҳу оромиш аст. Дин таҳдид ва қатлу куштор, тахриб ва тундгароӣ намеписандад ва қабул надорад. Дин эҳтиром ба пирон ва хурдсолонро миёни пайравонаш талқин  мекунад. 

Вале намояндагони ин ҳизби маҳкумшуда, динро барои ғаразҳои нопоки худ истифода мебаранд. Онҳо якҷо бо гурӯҳҳои террористиву экстремистии «Ал-Қоида», «Толибон», «ДИИШ» пайваста, нақшаҳои ғаразноки худро мехоҳанд дар Тоҷикистон амалӣ созанд.

Инчунин ҷавононро ба иттиҳодияи террористӣ ва экстремистӣ шомил намуда, ниятҳои нопоки худро амалӣ сохтанианд, ки бе шубҳа ба ин нияти нопоки худ нахоҳанд расид. Имрӯз дар замири ҳар як ҷавон ҳиси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ  нуҳуфтааст ва чӣ будани росту дурӯғ, каҷу рост ва фарқ миёни сафеду сиёҳро мешиносанд. Чун ки аз мактаби Пешвои миллат хондани доранд ва боварӣ доранд, ки дар оянда аз пайравӣ ба сиёсати Пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат рӯ ба беҳбуди гом мениҳанд.

Бахтиёр  Гадоев,Роҳбари филиали Ташкилоти Ҷамиятии "Пайравони Пешвои миллат", - донишҷуи Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg