БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОҲОНИ СУЛҲЕМ

АНДЕША: Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат мехостам ҳамаи ҳамватанони гиромиро табрику таҳният намоям.

Таърихи Тоҷикистони навин аз саҳифаҳои пурифтихору рангин бой аст ва он ҳама ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Пас аз истиқлолият ба дастовардани Тоҷикистон дар охири асри ХХ, ҳар қувваҳои сиёсӣ ва хоҷагонашон мехостанд, ки дар Тоҷикистон идея ва ғояҳои сиёсии худро ҷорӣ намоянд. Дар натиҷаи нофаҳмиҳои миёни гурӯҳ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар ҷанги сиёсии бародаркуши таҳмилӣ оғоз гардид. Дар натиҷа Тоҷикистон хисороти зиёд дид. Мардуми кишвар то ҳол даҳшатҳои он ҷангро фаромӯш накардаанд.

Дар ҳамин лаҳза бояд як сиёсатмадоре ба миён меомад, ки кишварро роҳбарӣ карда, ҷонибҳои мухолифро муттаҳид намуда, мамлакатро аз вартаи нестӣ наҷот медод. Ба хушбатии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ин Шӯро интихоб шуд. Аз ҳамин лаҳзаҳо равандӣ сулҳу субот ва хотимаи ҷанг дар Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар раванди ҷанги дохилии Тоҷикистон дар маҷмуъ даҳ давраи гуфтушунид, се машварат ва шаш мулоқот дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва гурӯҳҳои мухолифини тоҷик, намояндагии СММ ва ҳайатҳои нозирон доир гардидааст. Ҳанӯз дар машварати аввалин соли 1993 мавқеи тарафҳо аниқ шуда буд. Роҳбарии хирадмандона, руҳияи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории судманд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташаббусҳои мухталиф ва эътиқоди мардум ба роҳбари ҷавон буд, ки аз нимаи соли 1993 то моҳи апрели соли 1994 назидикшавии ақида ва мавқеъҳои идома ёфт ва нахустин гуфтушунид 5-19 апрели соли 1994 баргузор гардид. Доиршавии чунин гуфтушунид буд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Бо ҳамин метавон гуфт, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва нестшавии давлатдории тоҷикон аз байн рафт. Дар ҳамин айём Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ шеъри машҳури худро эҷод мекунад ва мегӯяд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ё худ:

Эмоми ду тарафро мекунам табрик,

Ки тоҷик мешавад ба тоҷик наздик.

Бале, раҳми Хуованд ба сари мардуми ҷафокашидаи тоҷик омад, ҷанги девонавори тоҷикон ба охир расид, сулҳ омаду тоҷик ба тоҷик наздик шуд, онҳо ҳамдигарро ба бусу канор гирифта ба созандагиву буёндкорӣ камар бастанд.

Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ пайдо намудааст, зеро бо роҳ ва намунаи хуб ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имкон медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқуъ омадани ҳаргуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.

Тоҷикистон 30-соли таърихи нав дорад. Аз замони ба дастовардани Истиқлоли давлтӣ то имрӯз, марҳилаи кутоҳе паси сар шудааст, вале он пурмасъулияту сарнавиштсози эҳёи суннатҳои давлатдории миллию давлатӣ мебошад. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “дар ин муддат воқеаҳое рух доданд, ки барои таърихи давлати тоҷикон, сиёсти дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисод, фарҳангу маънавиёт ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти ҳақиқатан таърихӣ дорад”.

Сулҳ барои мардуми мо баробари истиқлолият муқаддас ва бебаҳост. Зеро мо собит карда тавонистем, ки миллати мутамаддин ҳастем ва ҳамчун кишваре, ки аз рӯзҳои мудҳиш ва сахт гузаштааст, хоҳони сулҳем.

Толибзода Толиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg