БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ САРЧАШМАИ ҲАЁТ

АНДЕША: Об яке аз омилҳои экологӣ буда, дар таркиби ҳамаи организмҳои зинда мавҷуд аст. Бешубҳа дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда, ободӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида  мешавад. Аз ин рӯ бо ташабусси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эомалӣ Раҳмон Ассамблеяи Генерали Созмони Миллали мутаҳид (СММ) соли 2003- ро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намуд. Ба ин хотир дар шаҳри Душанбе моҳи сентиябри соли 2003 форуми байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он аз 54 мамлакат ходимони давлатӣ, олимон ва дигар намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзиданд.

Об аст, ки ба тай кардани садҳо монеаҳои зиёд то манзили мо мерасад. Хок чун ҳастии бузурги табиат, эҳёгари тамоми мавҷудоти олам аст. Ин сарвати бузург имконият медиҳад, ки ҳама ҳастиҳо аз он пурбор гардида, тамоми растаниҳо дар он рӯянду сабзанд ва ба воя расида, гулу мева ба бор оранд. Аммо намии хок ҳам аз об вобаста аст, растанӣ модаҳои ғизои хокро, ки дар об ҳал шудаан, бо решаҳои ҷабида мегирад. Ба туфайли об тухму донакҳо аввал варам карда, пас неш зада, месабзанду инкишоф ёфта, тухму мева медиҳанд. Об ташнагии моро рафъм есозад, сару тан, либосу палоси мор опоку тамиз мегардонад.

Дарахтон чи мевадор ва чи беҳосил беҳтарин офаридаҳои Худо ва мавҷуди табиатанд. Ин мавҷудоти сар то по сабз низ реша дар хок доранд. Аз шираву шарбати хок   неру мегиранд,рушду камол меёбанд ва барои мо нахуст анвои мухталифи меваҳоро  мепазонанду ба ҳосил мерасонанд. Дарёчаҳо, кӯлҳо, рудхонаву ҷӯйборчаҳо, ки аз миёни шаҳру рустову деҳкадаи мо мегузаранд, унсури дигари табиатанд. Ин мусофирони хастапой, ки аз сарзаминҳои сарду солхӯрда, аз домони пиряхҳои қуллаҳои кӯҳ ба сӯи мо оғуш кушодаанд, идомабахши хастии мардуманд, заминҳоро шодоб месозанд то тухми коридаи мо қад баланд кунад ва ризқу рӯзии мо муҳаё гардад.

Каниева Низора мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ ш. Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg