
АНДЕША: Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар софдилона меҳнат мекунанд ва ҳаёти хушбахтона доранд. Мо хушбахттарин мардуми ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем.
Ҷанги шаҳрвандӣ ҷанге буд, ки дар пай он бадтарин рӯзҳо ба сарамон омад. Хушбахтона бо ҷаҳду талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари мушфиқу ғамхор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳу ваҳдат расидем.
Танҳо ба василаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар шуданд, рӯзгори мардум беҳ гашта, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ овард. Ба ақидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширин ба бор овардааст.
Чи гунае ки мо мебинем, дар ҷаҳони имрӯза давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва амниятро аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ моро ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама бояд таҳлилгари сиёсию идеологӣ бошем ва ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дурусту ҳақонӣ дода тавонем. Мо бояд ҳеҷ гоҳ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ба хатогӣ роҳ надиҳем, ки як хатои хурдакаки мо метавонад боиси аз байн рафтани сулҳу ваҳдату ва оромии кишварамон гардад. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ пойдор аст.
Сайёра Ҳусейнова, мудири шуъбаи
умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон