
ҶАЙҲУН: Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дӯстӣ» маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ бо иштироки аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидои ҳизбӣ, баргузор карда шуд.
Дар маҷлис дар баробари баррасии бурду бохти ҳизбиёни ташкилоти ибтидоӣ ваколати раиси собиқи ташкилоти ибтидоӣ бинобар сабаби аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд, қатъ гардида, бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон раиси тозатаъини ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” Тоҷидинзода Сумангул раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.
Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, бо аъзои ташкилоти ибтидоӣ мулоқот доир намуда, қайд карданд, ки барои боз ҳам рушд ва ривоҷ ёфтани кори ҳизбӣ моро зарур аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ ва ободониву хурамгардонии шаҳрак саҳмгузор бошем.