
АНДЕША: Кулли воқеаҳо ва рўйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлатҳо саҳифаи сифатан нав ворид месозанд аз Истиқлолияти комили давлат, сулҳу ваҳдату ризоият маншаъ мегиранд ва дар рушди ҷомеа нақши муассир ва абадӣ доранд. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Имсол рӯзи Ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу фархундаи 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, таҷлил мегардад. Албатта, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.
Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, санаи 27 июни соли 1997 — баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодияи мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 — 27 июни соли 1997) зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.
Аз фурсати басо муносиб истифода бурда, кулли мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо 30-юмин солгарди Рузи Вахдати милли табрик гуфта, орзумандам, ки ин ҷашнҳои таърихӣ роҳи давлату миллати моро ба сӯи ояндаи обод ва орому осуда ҳамеша равшан нигоҳ доранд ва иттиҳоди ҷомеаи моро безаволу ҷовидон гардонанд. Бигзор, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандӯст оташи меҳру ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад!
Бекмамадов Асалмамад, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун