
Ҷ.БАЛХӢ: Бо мақсади дастгирии аҳолии осебдидаи деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ як гурӯҳ волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иборат аз 10 нафар ба деҳаи мазкур сафарбар гардиданд.
Дар деҳаи мазкур волонтёрон хонаҳои истиқоматии сокинонро, ки зери лою об монда буд, тоза намуда, барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ кӯмакҳои амалии худро расониданд.