БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад

КӮЛОБ. Ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд, таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои ҷомеаи дунявӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибитидоии ҳизбии “Фарҳанги шаҳр” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанги шаҳр” Раҳимов Муродмад иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Валиева суханронӣ карда, изҳор намуд, ки барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сулҳу суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои бузурганд ва тарғибу ташвиқи сулҳпарваронаи тоҷикон яке аз ҳадафҳои аслии мо мебошад.

Дар навбати худ Муродмад Раҳимов гуфт, ки дар марҳилаи имрӯза ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ки ғояи давлати миллиро дар миёни мардум, махсусан, миёни ҷавонон ва занон ҳамаҷониба талқин намоянд ва арзишҳое чун, садоқат, адолат, виҷдон ва номус бояд ҳамрадифу ҳаммаънои фаъолияти ҳамарӯзаи мо ҳизбиён бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg