ПАНҶ: Санаи 8-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба баргузор намудани корҳои ободонӣ дар назди сохтмони бинои нави маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, инчунин бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо волонтёрони ҳизбӣ бо мақсади тоза намудани гирду атрофи бино як қатор корҳо гузаронида шуд.
Дар ин ҳашар волонтёрон иштирок намуда, дар рафти корҳои ободонӣ ба тоза намудани гирду атрофи бино ва сангфарш намудани роҳ машғул шуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи онро ба иҷро расониданд.