БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ БА ТАНЗИМИ НАРХ ЗАМИНА МЕГУЗОРАД

АНДЕША: Кишваре, ки бо истифода аз иқлим ва муҳити зисташ шаҳрвандони худро бо маҳсулоти аввалиндараҷа таъмин карда метавонад, амнияти озуқавориаш таъмин мебошад. Аз ҷониби дигар маҳсулоти тоза ва ҷавобгӯи талабот ба нафъи шаҳрвандон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ ҳадафҳои стратегии кишварро гузошту ҷиҳати амалӣ намудани онҳо пайваста талош намуд. Шукронаи истиқлолияти давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ мекунем, ки ҳамарӯз дар кишвар корхона ва коргоҳҳои хӯрди истеҳсоли таъсис ва ба кор шурӯъ менамоянд, ки мо тариқи ВАО хабардор мегардем. Истеҳсоли тухм, гушти паранда, моҳӣ, чорво, маҳсулоти кишоварзӣ  ва ғайраҳо солҳои охир ру ба афзоиш ёфта Ҳукумати кишвар низ дар ин соҳаҳои муҳим имтиёзҳоро роҳандозӣ намудааст.

Мо дар замони соҳибистиқлоли бештари маҳсулотҳоро аз хориҷи кишвар харидорӣ менамудем, ҳоло бошад мо то ба ҷойе расидаем, ки имкони содиротро дорем. Дар баробари ин ва дар ҳоли афзоиши аҳолӣ зарурят ба миён омадааст, ки ҳар як оила бояд ҷиҳати захираи маҳсулотӣ аввалиндараҷа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки  “Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд”. Истеҳсоли маҳсулоти худӣ аз пешравиҳои саноати кишвар дарак медиҳад, ки захираи маҳсулоти озуқаворӣ  бояд аз ҷониби аҳолӣ вобаста ба талаботи оилавиаш ба роҳ монда шавад.

         Дар сатҳи маҳал барои захира намудани маҳсулоти хӯрокворӣ имконият бештар аст аз ҷумла дар мавсими тобистону тирамоҳ ҷамъоварӣ ва хушк намудан, консерва кардан имконият фароҳам меоварад, ки ҳар як оила захираи худро барои 1 ё 2 сол дошта бошад. Захираи маҳсулот нархи бозорро низ муътадил нигоҳ дошта метавонад. Дар сурати афзоиши нарх ва мавҷуд будани захира ҳар як оила метавонад то мавсим ғизои оилаи худро таъмин намояд.

         Мо шаҳрвандон бояд барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии худ андеша намоем, таҳлил кунем ва роҳҳоеро дарёфт намоем, ки моро аз сатҳи камбизоатӣ ва нодорӣ бароварда, зиндагии арзанда дошта бошем. Талошҳои пайвастаи ҳар як фард роҳ ба суи ояндаи нек кушода ба беҳтар гардидани ҳаёт ва фаъолияти мо мусоидат менамояд.

Сафаралӣ Мирзоев –муовини раиси КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg