БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум терроризму экстремизмро маҳкум менамоянд

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Навзамин”  вохӯрӣ баргузор карданд.

Масъулин дар вохӯрӣ оид ба  ноогоҳӣ ва бедонишӣ бархе аз нафарони қишри ҷомеаи кунунии кишвар  ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шудани онҳо ибрози андеша намуданд. 

 Инчунин,   қайд карданд, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ сатҳи худогоҳии аҳолӣ хеле боло рафта, дар асри иттилооту технологияи муосир,  ки ҷаҳонро дигаргун карда, иддае ҳанӯз боварҳои нораво ва хурофотро алам карда, ҷавононро ба кӯи гумроҳӣ ва нокомӣ мекашонанд. Аз ин рӯ, тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан зиёиёну равшанфикрон ва ҳар касе ки худро дар назди ҷомеа ва таърих масъул медонад, бояд баҳри огоҳии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз ин даҳшатҳои асри нав кӯшиш кунанд.

Масъулин иштирокдоронро барои  анҷоми  корҳои хайру сахо дар моҳи мубораки Рамазон ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар деҳот даъват намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg