
АНДЕША: Ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул шудан лозим. Ҳаргиз ба фарзандатон иҷозат надиҳед, бо шумо ё каси дигаре дағали кунад ва ё аз калимоти дағал истифода намояд. Агар чунин шуд, ба ӯ ёдоварӣ кунед, ки ҳеч гоҳ беэҳтиромиро нисбати ягон нафар раво надонад.
Ба кӯдакон шуҷоат биомӯзед. Худбоварӣ ва шуҷоати кӯдакатонро такмил диҳед. Ба ӯ биомӯзед, то ки ҳамеша ба ранги чашмони дигарон диққат кунад. Ҳидояти таваҷҷуҳи кӯдак ба чашми дигарон боиси барқарории тамоси чашмӣ мешавад. Ба ҳар нафар кумак карданро омӯзанд. Кудак бояд ба волидайнаш бовари дошта бошад.
Хислатҳои хубу бади инсониро фарқ карда тавонад. Ба ӯ фаҳмонед, ки одами хуб кисту одами бад кист. Барои мисол, вақте ки ба фарзандатон афсона мехонед, аз кӯдакатон бипурсед, ки дар ин қисса кадом шахсият меҳрубон асту кадоме бад ва чаро ӯ ин тавр фикр мекунад. Аҳаммияти арзишҳои инсониро ба кӯдакон ёд диҳед. Кӯдак бояд бидонад, ки арзиши инсонӣ чист ва чаро он муҳим аст. Ба ӯ ба содагӣ бифаҳмонед, ки вақте шумо одами меҳрубон, бахшанда, содиқу ростгуфтор ва боадабе ҳастед, афроди атрофатон нисбат ба шумо эҳсоси хубе хоҳанд дошт. Ва муҳимтар аз ҳама, ҳар кас дар бораи худаш эҳсоси хубе бояд дошта бошад.
Фарзандонро аз кудаки ба тозаги одат кунонед. Ба кӯдакатон ёд диҳед, ки муҳити зистро олуда накунад. Ба онҳо ёд диҳед, ки ба табиат, кӯчаву хиёбон ва дарахтону ҳайвонот зарар нарасонананд. Партову порӯб ба кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ нарезанд, коғаз, плостик, пасмонда ва монанди инро дар зафҳои махсус бирезанд. Нисбат ба ҳайвонот ва гиёҳҳои атрофи худ меҳрубону дилсӯз бошанд. Ҳатто метавонед, партовҳои рехтаи ҷойҳои ҷамъиятиро ба кумаки фарзандатон ҷамъ кунед.
Аз корҳои хуби фарзандатон баҳогузори кунед бигузор аз рафтор ё кирдори хубаш лаззат барад. Ин роҳи хуби тақвияти рафтори шоистаи фарзандатон мегардад ва аз эҳтимол дур нест, ки ӯ ин гуна корҳои хубашро давом медиҳад ва боло меравад.
Ба ҳамроҳи кӯдакатон бозӣ кунед. Дар бораи кудакии худ ба ӯ қисса кунед.
Ҳар рӯз бо ҳам китоб бихонед. Китобхониро аз кӯдаки ба фарзандатон оғоз кунед. Бачаҳо муштоқи гӯш додан ба овози падару модари худ ҳастанд. Вақте ӯро дар оғӯш гирифта, китоб мехонед, ин барои вай эҳсосоти хуберо ташаккул медиҳад ва ӯро барои як умр китоб хондан тарбият мекунад. Дар пеши чашми фарзандон бо ҳамсари худ бо меҳрубонӣ рафтор кунед. Ҳеч вақт пеши чашми кӯдакон бо ҳамсари худ муноқишаву низоъ макунед. Бо меҳрубонӣ ҳамсаратонро ҷеғ занед ва бо ӯ меҳрубон бошед. Оиладории шумо ягона намунаи ибрати фарзандатон мебошад. беҳуда намегӯянд ки падару модар чӣ гуна – фарзанд намуна.
Кӯдаконро таърифу таҳсин кунед. Таърифу таҳсини худро нисбат ба рафтори кӯдак ба ҳар лаҳза баён кунед. Масалан, ба ҷойи он ки вожаи муқаррарии “офарин”-ро ба кор баред, суҳбат кардан лозим, дақиқан барои кадом амалаш шоистаи таҳсини шумо шудааст, таъкид кунед. “Офарин, ки сабр кардӣ, писарам. Мунтазирию сабр корест мушкил, на ҳар нафар сабр карда метавонад. Таъриф ба фарзандатон илҳоми дубора мебахшад.
Олимзода Низора раиси КИҲХДТ дар шаҳри Левакант