БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

АНДЕША: Воқеаҳои солҳои охир дар кишварҳои рӯи дунё рухдода ва пайвастани бархе аз ҷавонони тоҷик ба ин низоъҳо аз мушкилотест, ки метавон гуфт ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Натанҳо худи ҷавонон ба ин кишварҳо раҳсипор шуданд, ҳатто қисме зану фарзандони  ҳам  баъдан даъват намуда ба онҷо бурда тавонистанд. Ва ин мушкилот- ифратгароӣ ва тафриқаандозӣ, зуҳороти номатлубу хатарзоест,ки натанҳо барои Тоҷикистон, балки ба тамоми  ҷомеаи ҷаҳони хавфи ҷиддӣ доранд. Саркардагони ин гуна ташкилот баҳри ба ҳадафҳои худ расиданд дар аксар маврид ба эътиқоди динии афроди гуногун,ба хусус ҷавонон таъсир расонида, онҳоро мехоҳанд бовар созанд,ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динни онҳост. Ҳамин тавр мехоҳанд дини мубини исломро баҳри ба ҳадафҳои нопоки худ расидан, истифода баранд ва маҳз ҳамин амали онҳо тавонист, бархе  аз ҷавонони тоҷикро гумроҳу аз ватан беватан намоянд. Боиси фавти бемаҳали як қисми онҳо дар мулкҳои бегона гашта, як умр доғ дар дили наздикону пайвандон гузорад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаду ниятҳои ифротгароёнро хуб дарк намуда, борҳо ба ин маъсала, ҳатто аз минбарҳои баланд  ишора намудааст:  ”Имрӯз терроризм ва экстрезим ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”Мавриди зикр аст, ки ташкили ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз нақшаҳои харобкоронаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ буд.

       Аъзоёни ин ҳизб дар он солҳо бо кӯмаки хоҷгони худ мардуми бегуноҳ,бахусус чеҳраҳои саршиносро ба қатл раонида,миллатро пароканда ва давлатро қариб ба нестӣ бурда буданд. Аз камдонишиву аз камфаҳмиши динии ҷавонон истифода бурда онҳоро гумроҳ намуда ба зидди давлату ҳукумати қонунӣ бархезониданд,ки дар натиҷа дар ҷангҳои шаҳрванди Тоҷикистон 150 ҳазор нафар мардуми бегуноҳ хусусан ҷавонон қурбони ин дассисаҳо гашта зиёда аз 1 миллион аҳолӣ ҳамчун гуреза аз Тоҷикистон фирорӣ гаштанд.

Абдурашид Усмонов- Сармуҳосиби Кумитаи Иҷроияи Ҳхдт Дар Шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg