БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ ҲИЗБӢ БО СОКИНОН

КӮЛОБ: Дар толори МТМУ №7-и шаҳри Кӯлоб вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб – Мирзозода Хуршед бо сокинони маҳаллаҳои Тамошотеппа, А.Лоҳутӣ, Ҳисориён ва М. Ҳакимов доир гардид.

         Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Фирӯз Саймуминзода иштирок ва суаханронӣ намуд.

         Аснои вохӯрӣ аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, ки рӯзи 11.05.2021 дар шаҳр ба вуқуъ пайваст бетараф набуда, дар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба сокинони аз офати табиӣ зарардида кӯмаки амалии худро расонанд.

         Ҳамчунин, ҷиҳати ба партовгоҳ табдил надодани мавзеҳое, ки барои партов муайян нашудааст, ҳозирин ибрози андеша намуданд.

          “Мо ба нерӯи созандаи Шумо ҳамдиёрони бонангу номусамон боварию эътимоди пурра дорем ва дар иттиҳоду якҷоягӣ аз ӯҳдаи бартарафсозии душвориҳои рӯзгор, аз ҷумла оқибатҳои офати табиӣ сарбаландона мебароем ва дар якҷоягӣ Ватани азизамонро ободу зебо мегардонем”- иброз доштанд зимни суҳбат вакили ҳизбӣ Мирзозода Хуршед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg