БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

КӮЛОБ: Дар ташкилоти ибтдоии “Олимон” бахшида ба 24-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

         Дар чорабинии мазкур корманди масъули ҳизбӣ – Саъбагул Валиева, ноиби Ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ оид ба таълим – Холиқзода Айниддин, декани факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг – Давлатов Миралӣ ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби ҳозирин қайд гардид,  ки ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони баору номуси Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд.

Маҳз барқарорсозии сулҳ ва ризояти миллӣ буд, ки барои рушди босуръати иқтисодиёти кишвар, пешрафти тамоми  соҳаҳои хоҷагии халқ шароитҳои мусоид муҳайё гардид ва имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мо бо қадамҳои боэътимод ба сӯи ояндаи дурахшони худ пеш рафта истодаем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg