БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ДАР ОИЛА

АНДЕША: Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, “Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад”

Падару модарон, ки сутуни оиларо ташкил медињанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диќќати доимї ва љиддї зоњир намоянд.

Воќеан Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон наќш ва масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон дар љои аввал гузошта таъкид намудаанд, ки "Фарзанд меваи умри одамизод мебошад, то замоне, ки љон дар бадани инсон аст, набояд ў аз тарбияи фарзанд канораљўї намояд". Фарзанди солењ ва бомаърифат давоми умри падару модар, давомдињандаи насл ва номбардори падару модар аст. Муњити оила дар тарбияи фарзанд, албатта бетаъсир намемонад.  Аз  ин  рў, хушбахтии ањли љомеа, тараќќиёти ояндаи љамъият, осудањоливу некуањволии  мардум аз бисёрљињат ба њамкории зичи мактабу оила вобастагї  дорад.

Бархе аз волидон бо бањонаи душвории вазъи оилавї фарзандони худро барои пайдо кардани маблаѓ ба бозору марказњои савдо барои боркашонї ва дигар корњо сафарбар мекунанд. Дар натиља муњити носолиме, ки онњоро тарбия менамояд, барои даст задан ба корњои номатлуб мусоидат менамояд, ки ин амали онњо оќибати хуб надорад.

Њар як падару модарро лозим аст, ки фарзандони худро ба роњи рост, омўзиши илму њунар, омўхтани техника ва технологияи навин, дўст доштани Ватан, муњофизати обу хоки он, эњтироми рамзњои миллї ва иштироки фаъолона дар корњои љамъиятї њидоят намоянд.

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст. Зеро рафтору кирдори ношоистаи бархе аз наврасону ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст. Дар навбати худ баъзе падару модарон нисбат ба тарбия ва таълими фарзандон бепарво буда, фаъолияти шабонарӯзии онҳоро назорат намекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат, солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон рӯ ба афзоиш дорад.

Моддаи 7-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модаронро вазифадор менамояд, ки ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузошта, онро ба ҳаёти мустақилона ва меҳнати софдилона омода намоянд. Фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия карда, бо воситаҳои зарурии таълим таъмин намоянд. Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд ва бе роҳбаладии шахси болиғ гаштугузори фарзанди то синни шашсоларо дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд, то боиси фалокат нагардад, њамчунин нагузоранд, ки фарзандонашон шабона ба марказҳои дилхушӣ ва компютерӣ раванд. Бояд падару модарон дар муассисаи таълимие, ки дар он фарзандашон таҳсил мекунад, дар робита бошанд.

Дар њадисе Пайѓамбари Худо (с) мефармояд, ки «Ҳар дарахт мевае дорад ва меваи қалб низ фарзанд аст. Бегумон Худованд раҳм намекунад ба касе, ки ба фарзанди худ раҳм намекунад. Қасам ба касе, ки вуҷудам дар дасту қудрати ўст, касе дохили Биҳишт мешавад, ки бисёр меҳрубону бораҳм бошад».

Дар ин бобат Имом Шавќї низ мегўяд: “Ятим касе нест, ки падару модараш мурда бошанд ва ўро бепаноњ ва дармонда бар љой гузошта бошанд. Балки ятими воќеї касе аст, ки модаре бетаваљљуњ ва падаре саргарму машѓул ба кори худ дорад”.

Дар байни волидайнњои мо низ ёфт мешаванд падару модароне, ки дер ба хабаргирии фарзандонашон меоянд ва аз њолу ањволи онњо хабар мегиранд. Барои кўдакон тамоми шароит ва мењрубонии атрофиён муњайё бошад њам,  љойи як нигоњи гарм ва силаи пурмењри дасти падару модаронашонро касе ё чизе гирифта наметавонад. Ќалби аз мењр саршори модар ва дилсўзии падар дар ин олам  њамто надоранд, ягон ќувваи дигаре онро иваз карда наметавонад.

Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Фаромўш набояд кард, ки тарбияи кўдак дар баробари ин, ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман аҳли ҷомеа низ ба шумор меравад.

Мусаллам аст, ки рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба сатњи саводу маърифати насли наврас алоқаманд аст. Бинобар ин, агар ба таълиму тарбияи насли наврасу љавон муносибати љиддию бомасъулият карда нашавад, мафкураи миллии мо гирифтори зоҳирпарастӣ гашта, дар доираи ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонад.

Аз ин ҷост, ки Ҳукумати љумњурї барои донишазхудкунии ин ќишри љомеа пайваста саъю талош варзида, роњу усулњои љадиди таълим ва тарбияро љустуљў мекунад. Имрўз, ки љињати баланд бардоштани сифати таҳсилот, донишу ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, бархурдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илмиву техникӣ ва ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намудани онҳо заминањои мусоид фароњам гардидаанд, устодону омўзгоронро зарур аст, ки бо ба воя расонидани насли худшинос дар рушду тараќќии кишвар сањмгузор бошанд.

Тарбия раванди мақсадноку муташаккилест, ки инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин намуда, ӯро ба меҳнату фаъолияти ҷамъиятӣ омода месозад. Агар ба чашми таҳқиқ бубинем, хоҳем дид, ки инсонҳо танҳо тавассути тарбия ба дараҷаи баланди тамаддун расидаанд. Пўшида нест, ки ҳар миллате, ки тарбияи насли наврасро дуруст ба роҳ мондааст, ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст.

Ба назар бояд гирифт, ки хусусиятҳои физиологию психологии ҷинсият аз ҳам фарқ карда, тарбияи оилавии писар ва духтар роҳу равиш ва нозукиҳои худро дорад. Дар ин кор падару модарон вазифаҳои гуногуни тарбиявиро иҷро менамоянд. Нақши падар дар раванди тарбияи оилавӣ махсус аст. Падар тарбиятгари асосии интизом ва мустақилият ба ҳисоб рафта, асоси амнияту оромӣ ва бехатарӣ дар оила мебошад. Набудани мард дар хона ба ташаккули шахсияти кӯдак таъсири нохушоянд мерасонад. Дар тарбияи писар нақши падар калон аст. Ў ба писар одатҳои мардона, ҷасорат, таҳаммулпазир будан дар мушкилиҳои зиндагӣ ва дигар хислатҳои ба мард хос ва муносибро ёд дода, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб медиҳад. Иловаба ин, таъсири тарбияи падар ба писар барои шаҳрванди фаъол будан дар ҷомеа зиёд аст.

Дар ташаккули ахлоқи духтарон бошад, нақши модар бештар аст. Модарон ба духтарон дар баробари нишон додани корҳои занона, оиладорӣ, ҳамчунин, қобилию ҳунармандӣ, хоксорию бономусиро ёд дода, маслиҳат ва ёрӣ медиҳанд, ки соҳибхонаи хуб шаванд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавоно ва занони КИ ЊХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ѓолибљон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg