БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧИЛДУХТАРОН ВА Ё САЁҲАТЕ ЧАНД ДАР МАНЗАРАҲОИ ЗЕБОИ ДИЁР

ЁВОН: Тибқи дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои КУмитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар назди Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят курсҳои омӯзишӣ бо иштироки гурӯҳи махсуси ҷавонон таҳти унвони “ Созандагони Ватан” баргузор гардида истодааст.

         Санаҳои 2 ва 3 июни соли равон шунавандагони курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо дастгирии моддию молиявии узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон ва ҳамзамон дар як мавриди омӯзгори курси мазкур Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва бо дастгириву мувофиқа бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода ба минтақаи сайёҳию таърихии Чилдухтарон ташриф оварданд.

         Дар даромадгоҳи мавзеъи зебои Чилдухтарон ҳизбиёни ноҳияи Муъминобод ҷавонони ёвониро дар сатҳи баланди меҳмоннавозӣ пешвоз гирифта, базми ширу шакар ташкил намуданд.

         Ҳамзамон, дар ин сафар шунавандагони курси Созандагони Ватан азоромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ва осорхонаи Восеъ боздид намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg