
ЁВОН: Бо мақсади дастгири намудани оилаҳои зарардида аз офати таби дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқ, соҳибкор Роибов Дилшод ба 20 оила кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Дар рафти кумак ба оилаҳои зарардида маводи ғизоӣ аз қабилӣ орд, равған, шакар, картошка, пиёз, биринҷ ва як сар чорвои хурди шохдор кумак расонида шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҳамеша омода мебошад, ки ба оилаҳои аз офати табии зарардида аз лиҳози моддӣ ва ҷисмонӣ кумак намояд.