БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зиндагии арзандаи мардум мароми мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо сокинони деҳаи Иттиҳоди  ҷамоати  деҳоти  Лолазори  ноҳияи  Данғара суҳбату вохӯрӣ ва корҳои таблиғотӣ оид ба  муҳтавои дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кишоварзонӣ вилояти Хатлон, ки рӯзи 02 июни соли 2018 дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, доир карда шуд.

Дар суханронии худ раиси Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад   нисбатан гарму камбориш омадани зимистону баҳори соли ҷорӣ, бармаҳалу тӯлонӣ омадани зимистони навбатӣ  ва дар ҳамин замина омодагии пурра дидан ба чунин вазъият, ки яке аз нуктаҳои асосии суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон маҳсуб меёфт, онҳоро ба сокинон фаҳмонида  дод.

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат  оид ба сарфаю сариштакории аҳолӣ зимни баргузории ҷашну маросимҳо, тарбияи дурусти фарзандон ва риояи талаботҳои қонунҳои миллӣ, даъват намудани аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мубодилаи афкор карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg