БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ

ЁВОН: Бо мақсади сазовар таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ,  30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” ва оғози соли хониши 2021-2022 бо ташаббуси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 Дилафрӯз Сироҷиддинова ва дастгирии сокинони деҳаи Ғарави ҷамоати деҳоти Даҳана  дар назди муассисаи мазкур синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида истодааст.

Дар назар гирифта шудааст, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар арафаи таҷлил аз ҷашни муқаддаси миллӣ ва оғози соли нави таҳсил мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар соли хониши нав омӯзгорон ва хонандагони муассисаи номбурда аз он истифода мебаранд.

Ҳамзамон сафолакпуш намудани роҳравҳои муассиса бомаром идома дошта то оғози соли нави таҳсил ба анҷом расонида шуда, гашту гузор намудани омӯзгорону хонандагон осон мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg