БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИЮ ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ДӮСТӢ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шабакаҳои барқ" бо иштироки масъулини Кумита маҷлиси ҳисоботию  интихоботӣ гузаронида шуд.

      Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов А, оғоз намуд. Сипас Гулов Б, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шабакаҳои барқ" вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ дар шаш моҳи соли 2021, ҳисобот дод.

      Қурбонов А ба барқчиёни ноҳия, барои сатҳи баланди хизматрасониашон ба аҳолӣ изҳори миннатдорӣ намуда қайд карданд, ки узви ҲХДТ будан барои ҳар яки мо мояи ифтихор мебошад ва бояд сафи аъзоёни ҳизбро аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ва ватандӯст зиёд намоем.

      Дар охири маҷлис масъалаи аз нав интихоб кардани раиси ташкилоти ибтидоии мазкур баррасӣ гардида бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Гулов Б, аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шабакаҳои барқ" интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg