БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

ДАНҒАРА: Бо иштироки  мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Ҳокималӣ Раҷабализода,  дар Коллеҷи Политехникии ноҳияи Данғара, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда иштирок дошта, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Муродов Наҳтулло шунида шуд.

Дар идомаи кори маҷлис мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Ҳокималӣ Раҷабализода баромад намуда, қайд карданд, ки ҲХДТ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, дар ҳамаи соҳаҳои мухталифи кишвар саҳмгузор мебошад. Бо ҳамин мақсад, барои боз ҳам рушду нумуъ ва расидан ба мақсаду маромҳои худ,  ҳамаҷониба заҳмат кашида  давлату миллати хешро  аз ҳарвақта бештар ҳифз намоем.

Дар охири маҷлис номзадии Муродов Наҳтулоро аз нав барои раиси ташкилот интихоб гардиданашон аъзоёни ташкилот ҷонибдори намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg