БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“МИНБАРИ ХАЛҚ” – ҶОМЕАРО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН РАҲНАМУН МЕСОЗАД.

ВОСЕЪ: Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва ғанӣ гардонидани маънавиёти инсон буду ҳаст. Арзи ҳастӣ намудани нашрияи ҳизбии кишвар бо номи «Минбари халқ» натанҳо афкору ақидаи ҳизбиёнро, балки ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад.

         Бо ин мақсад кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  дар ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳия миёни сокинон нашрияи ҳизбии “Минбари халқ”-ро тақсим намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки нашрияи мазкур инъикосгари фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, масоили ҷавонон буда, оид ба шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти онҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, тарбияи ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат саҳми арзанда дорад.

Дар охир аз сокинони ҷамоати мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешравии ҷомеаи навини мо ба нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” обуна шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg