БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ИМРӮЗАИ МАМЛАКАТ МЕБОШАНД.

ВОСЕЪ: Бо мақсади пешгирии шомилшави ҷавонон ба гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, дури ҷустан аз хуруфотпарастиву майл ба фарҳанги бегона кормандони масъули ҳизбӣ дар МТМУ №61-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯри кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оиди мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо ҷавонони мамлакат, ки санаи 21.05.2021 баргузор гардида буд суханронӣ намуданд ва чунин қайд намуданд, ки ҷавонон пешбарандаи сиёсати имрузаи мамлакат ва неруи бузурги созанда мебошад.

Дар идома аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки вақти тиллоии худро беҳуда сарф накарда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, номбардори падару модар ва миллати хеш гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg