БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ДОНИШАНДӮЗИИ ҶАВОНОН ШАРОИТҲО МУҲАЙЁСТ.

ВОСЕЪ: Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 – и деҳаи Ҳасан Қурбоновӣ ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ кормандони масъули ҳизбӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор намуданд..

Зимни мулоқот Иботов Диловар мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, оиди масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои торрористи ва экстремистӣ, аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ, огоҳонидани ҷавонони кишвар аз паёмадҳои хатароварӣ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва фаъол гардонидани ҷавонон дар роҳи мубориза бо онҳо, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуд.

Зимнан қайд гардид, ки мо дар Ватани тинҷу ором ва осуда умр ба сар мебарем. Барои таҳсил ва кору фаъолият кардани мо Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон ҳамаи шароитҳоро муҳайё намудасст. Пас моро зарур аст, ки хубу аъло таҳсил намуда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкорона баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон талош намоем ва барои боз ҳам болотар бардоштани парчами ин сарзамини биҳиштосо саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg