БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБИ ТОЗА САРЧАШМАИ ҲАЁТ АСТ.

АНДЕША: Об беҳтарин муҷизаи табиат буда, ҳастии ҳаёти инсонро ташкил медиҳад. Дар ҷаҳони муосир зиёда аз як млрд аҳолӣ аз оби ошомидани маҳрум ҳастанд, 2.5 млрд. аҳолӣ аз истифодаи оби доимӣ танқисӣ мекашанд. Дар 80 давлати дунё оби нӯшокӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза нест. Ин боиси камумрии одамони ин давлатҳо шуда метавонад. Ба зиёда аз 1, 2 млрд. аҳолии ҷаҳон хушксолӣ таҳдид мекунад. Аксарияти сокинони сайёра аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва хушксолии пай дар пай ба касалиҳои гуногун дучор мешаванд ва ин боиси фавти онҳо мегардад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ аз ҳисоби истифодаи оби ба талаботи меъёрҳои санитарию гегенӣ ҷавобгӯ набуда, ҳамасола беш аз 5 миллион нафар одам аз олам чашм мепӯшанд ва 3 миллион нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд. Зиёда аз 3 млрд. инсон аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд ва оби ифлоси баҳру уқёнусҳоро истифода мебаранд.

Таҳлилҳои дар боло овардашуда собит менамоянд, ки яке аз проблемаҳои асосии пайдошавии бемориҳои гуногун дар ҷаҳон маҳз аз ифлосии об сарчашма мегиранд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи оби тоза ба ҳисоб меравад.

Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳуроти муаммоҳои экологиро хеле нозукона эҳсос намуда, дар Ассамблеяи Созмони Милалт муттаҳид як зумра пешниҳодҳоро ба миён гузошта буданд. Аз он ҷумла “Соли 2003- Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт”, “Соли 2013- соли ҳамкории байналмилаӣ дар риштаи об”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба ин мисол шуда метавонанд. Пешвои Миллат дар Паёми хеш низ ба мақоми олии қонунбарори кишвар чанд сол пеш таъкид намуда буданд, ки “..Мо ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳоро бе об намемонем”. Чунин ташаббусҳо ва суханони хайрихоҳона нисбати ҳамсоякишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад, ки тоҷикон бо фарҳанг, тамаддун ва хиради азалии ориёии хеш бунёдкору созанда буданд ва минбаъд низ хоҳанд монд.

Ба ин хотир мехостам, ки суханони сардори давлатро оиди сарзамини биҳиштосоямон ёдовар намоям, ки гуфта буданд: “Тоҷикистон, алҳақ, неъмати худодод, як муҷизаи табиат, як пораи биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надоранд”.

Хулоса, чуноне, ки дар боло таъкид намуда будем,  оби тоза сарчашмаи ҳаёт буда, бе он ягон мавҷудоти зинда ҳаракат кардан наметавонад. Ибтидою интиҳои ҳаёти инсон дар рӯйи олам ба воситаи истифодабарии об сипарӣ мегардад. Ба андешаи мутахассисон саломатию дарозумрии инсонҳо низ ба поку мусафо нигоҳ доштани оби нӯшоки вобаста аст.

Бинобар ин ҳамдиёрони азиз биёед ҳама якҷоя ин неъмати Худододро эҳтиром намуда, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва онро сарфакорона истифода барем, то ки зиндагии рангин дошта бошем.

Гулрухсор Мирзоева, мудир шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg