БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ГУЗАШТА БОЯД ИБРАТ ГИРИФТ

Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рузгор,
Низ н-омузад зи ҳеҷ омузгор.

АНДЕША: Оре, гузашти рузгор ибратест фардоро. Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, кавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромуш созад. Зеро бе гузашта имрузро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе ё баде мегузорад. хурсанд ё андухгин мегардонад. Ба пешрави ноил. мегардонад ё баръакс. Ҳар хеле набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад, ки он даре ба ягон макотибу ба ҳеҷ омузгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар ёди инсони комил накш мебандад. Гузашти рузгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари ҳамагон аст. Ҳар як лаҳзаи он омузандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эхсос намояд. Зеро Соиби бузург фармуда:

Ақли дурандеш бар мо роҳи рузи бастааст,
Варна, ҳар ангушт пистонест тифли ширро.

На ҳар кас метавонад соҳибақл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дустро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фаркият бахшад. Кист доно, то тавонад неку бадро, доғу дардро зиндагии пуршару шури пур аз шодиву андухи абадро фарқ созад?
— Кист доно?! Марди оқил, то зи хар як лаҳзаи умри абад гирад панд.
— Кист доно?! Он зани покизакирдоре, ки дар шакли фаришта ибрати покизадомононбувад.
— Кист доно?! Тифли дилбанде, ки аз рузи азал Парвардигораш қудрати Илоҳй дода, дар вуҷудаш иффату виҷдону имон офарид.
-Кист доно?! Фарди соҳибақлу идроке, ки аз ҳар лаҳзаи умри муборак бо ҳама зуру тавон ва дилу ҷонаш панд гирад, дарси ибрат, дарси умеду ҳақиқат, тариқат то наёбад заррае, рузе, заволе, то нагардад пеши ҳар як нокасе хам бар уболе, то ки бошад дустдори миллати Модар-Ватан.
Пас месазад гуем, ки бояд шитофт, то ақлу заковатро барҷо кор фармуда, аз дирузу имрузи ҳаёт ибрат бигирем, вагарна фардо дар поёни умр хори хоҳем кашид, зеро умр равон асту саросар кулвори пурпандро мемонад:

Гофил машав, з-умр, ки чун кишти дар об.
Истода менамояду чун тир меравад.

Аз калонсолон ва касони оқил ибрат бигирем, то ҳангоми сахтиву дармондаги ва мушкилии рузгор мададгорамон гарданд, зеро ҳаёт саросар пур аз ноҷуриҳост. Барои рафъи ҳар масоили рузгор таҷрибаи бузург мебояд. Зеро «Аз дида басе фарқ бувад то ба шунида» гуфтаанд, ё ба фармудаи Рудакии бузургвор:

Бирав зи таҷрибаи рузгор бахра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Чун аз гуфтаҳои бузургони хирад ёдовар мегардем, беихтиёр бояд қайд намуд, ки бузургону оқилони ҳар давру замон низ аз гузашта чизе омухтаанд ва бевосита сахве накардаанд, ки имруз мо аз онҳо ибрат мегирем. Инак, таҷрибаи рузгор пайваста аз бехирадон соҳибхирад, аз бадон нек, аз дармондагон коромуз ва аз нокасон инсони комил месозад. Инсон худ кон аст. Дар хазинаи инсон новобаста аз он ки у хуб аст ё бад танҳо ва танҳо сарват ниҳон аст, зеро хар чизе, ки тавассути инсон ва мехнати фидокоронаи у падид меояд, ҳама лозиманду ибратанду давоянду манбаи омузиш, ки аз дороиву сарват фузунтаранд. Инсон, ки худ меъмори хаёти хеш аст, аз ҳар як хубу зишти ҳаёт ибрате падид меорад. Аз лаҳзаи сард низ зуд дилмонда намегардад. Мекушад, ки аз ҳардардуранҷганҷепадид орад, зеро:

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад.
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Бисёр хасе бояд, то пухта шавад хоме. Хатто барои пухтани таоми хушлаззат хасу хошоку хезуми фаровон мебояд. Пас барои дар ҳаёт пухта гардидани инсони комил низ фурсати зиёду таҷрибаи гарон мебояд.
Боз ой сари мақсад ва куш дар оне, ки ҳар замон аз зиндаги ибрате биомузи ва кулвори панду ибрати хеш пурбор гардони. Чун ибратомузиат ба ҷое бирасид, ибратбахш гарди ва соҳибиззат.

Дил чу равшан гашт, чоху шавқате даркор нест,
Бахри тасхири ҷаҳон хуршеди танҳо лашкар аст.

Мудири шуъбаи таблиғот – иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  А. Назаров

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg