БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲУ ОРОМӢ АЗ ВАҲДАТ САРЧАШМА МЕГИРАД!

АНДЕША: Баъди солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зада буд, давлат нотинҷ, ноором буд, мардум сарсону саргардон ва роҳгумзада буданд. Ғоратгарӣ, харобкорӣ дар мамлакат авҷ гирифта буд. Пас аз гузашти вақт ин ҳама нохушиҳо паси сар шуданд. Ҳангоми пойдор намудани ваҲдати миллӣ, ки санаи 27 июни соли 1997 -ум ба имзо расид, Тоҷикистон рӯз аз рӯз, сол то сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

      Албатта ин ҳама заҳматҳои нотакрори фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои-миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо азобу машақат, ранҷу диққат кашида аз тиру туфанг натарсида ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам гӯён ҷасуриву далерии худро дар назди душман нишон доданду ғолибиятро ба даст оварда пояи ваҳдати миллӣ-сулҳро пойдор намуданд. Зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

      Пешвои миллат иброз медоранд, ки «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он рассад». Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.

      Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.

      Аз ин лиҳоз мо ҷавононро зарур меояд, ки дар устувории ин муқадассоти миллӣ саҳмгузор бошем ва дар пойдории он дар тинҷию оромии Тоҷкистон корҳои назаррасе анҷом дода бошем.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов А

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg