Тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар  муассисаҳо, корхонаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсисӣ ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вохӯриву мулоқотҳои судмандро баргузор менамояд.

Вобаста ба ин бо сокинони деҳаи Архуи ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар атрофи гуфтаҳои боло вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо ҷалби васеъи вакилони маҳаллӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсиву оммавӣ баргузор гардид.

Мутобиқи қисми 4 банди 3-и Оинномаи ҲХДТ  дар маҳаллаи Архуи ҷамоати деҳоти номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  бо номи «Арху» таъсис дода шуда, бо ҷонибдории ҳама аъзо ва ҷонибдорони ҳизб,  Носиров Ҳакимхон раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ интихоб  карда  шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg